کتابخانه دیجیتال


    با دو بار کلیک روی واژه‌ها یا انتخاب متن و کلیک روی آنها می‌توانید آنها را در لغتنامه ی دهخدا جستجو کنید


    * * *
    Боз ою кӯчаҳои интизории маро саршори худ кун
    Қатраи танҳоиямро маҳви дарёбори худ кун

    Мурғаконро нағма овар
    Хандаро бо ғунчаҳо омез
    Осмонҳоро баландиву шукӯҳмандӣ биёмӯз
    Асри ҳиҷрону ҷудоиро фидои лаҳзаи дидори худ кун

    Бӯса ҳам чун сабза месӯзад
    Ҳамчу оғӯши биёбон оғуши мо низ мехушкад
    Фурсате дону чу найсонам ғариқи раҳмати
    рагбори худ кун

    Бӯи дил ояд зи девоне ки мехонам
    Оҳи маҳҷурон бихезад аз баму зери арӯз эй вой!
    Ин ҷаҳон то кай ҷаҳони ҳасрату андӯҳу ҳирмон аст?
    Васли худро шаҳпари сабзи хаёли шоири
    бемори худ кун

    Андак-андак «ғусса»-ро бо нақди «шодӣ»
    метавон бифрӯхт
    Андак-андак дар замири тирамаҳ шамъи баҳори
    лолазорон метавон афрӯхт
    Андак-андак метавон оташ шуду бунёди сармо сӯхт
    Ту саропо сеҳру ҷодуӣ зи нав такрори худ кун!

    Ман «ман»-и маснӯии худро чу болопӯш пушти
    дар кашидам
    Ман «ман»-и минӯии худро даруни хона чун
    гавҳар кашидам
    Бо тарозуи нигоҳат хубу зиштамро якояк баркашидам
    Пеш ою ин дили ёронаамро ёри худ кун
    Бе ту дар лабҳои ман шеъри табам афсурда
    хоҳад мурд
    Шӯълаамро ҳамдами бедори худ кун
    Гулназарро шоири дарбори худ кун!

شما می توانید این مطلب را با صدای خود ضبط کنید و برای دیگران به یادگار بگذارید.

کافی ست فایل مورد نظر را انتخاب کنید و برای ما ارسال کنید. صوت شما پس از تایید ، در سایت نمایش داده خواهد شد.

توجه داشته باشید که برای هر مطلب فقط یک فایل می توانید ارسال کنید و با هر بار ارسال ، فایل های قبلی حذف خواهند شد.

یک فایل آپلود کنید
فرمت های mp3 و wav پذیرفته می شوند.

نظرات

Captcha