گل نظر کلدی
تو و خوبی و رعنایی ТУВУ ХУБИВУ РАЪНОӢ
РАВАМ, АЗ ИШҚ ПУРСАМ МАНЗИЛАТРО
قلم
چینش
وسط چین
راست چین
چپ چین
قلم
ایران سنس
نستعلیق
وزیر
نازنین
تیتر
گلدان
گل
دست نویس
شکسته
مروارید
نیریزی
ثلث
Tahoma
رنگ
اندازه
ارتفاع
سایه
رنگ
تیرگی
وضوح
افقی
عمودی
زمینه
نسبت
1:1
9:16
رنگ
تصاویر پیش فرض
اندازه
متناسب شود
برش داده شود
وضوح
حذف تصویر زمینه
حاشیه
اندازه
رنگ
گردی گوشه
متن
دانلود
می توانید متن را اصلاح نمایید:
* * * Боз ою кӯчаҳои интизории маро саршори худ кун Қатраи танҳоиямро маҳви дарёбори худ кун Мурғаконро нағма овар Хандаро бо ғунчаҳо омез Осмонҳоро баландиву шукӯҳмандӣ биёмӯз Асри ҳиҷрону ҷудоиро фидои лаҳзаи дидори худ кун Бӯса ҳам чун сабза месӯзад Ҳамчу оғӯши биёбон оғуши мо низ мехушкад Фурсате дону чу найсонам ғариқи раҳмати рагбори худ кун Бӯи дил ояд зи девоне ки мехонам Оҳи маҳҷурон бихезад аз баму зери арӯз эй вой! Ин ҷаҳон то кай ҷаҳони ҳасрату андӯҳу ҳирмон аст? Васли худро шаҳпари сабзи хаёли шоири бемори худ кун Андак-андак «ғусса»-ро бо нақди «шодӣ» метавон бифрӯхт Андак-андак дар замири тирамаҳ шамъи баҳори лолазорон метавон афрӯхт Андак-андак метавон оташ шуду бунёди сармо сӯхт Ту саропо сеҳру ҷодуӣ зи нав такрори худ кун! Ман «ман»-и маснӯии худро чу болопӯш пушти дар кашидам Ман «ман»-и минӯии худро даруни хона чун гавҳар кашидам Бо тарозуи нигоҳат хубу зиштамро якояк баркашидам Пеш ою ин дили ёронаамро ёри худ кун Бе ту дар лабҳои ман шеъри табам афсурда хоҳад мурд Шӯълаамро ҳамдами бедори худ кун Гулназарро шоири дарбори худ кун! گل نظر کلدی