Суруде ҳаст дар хунам ки номашро намедонам
Биё пурсам зи лабҳоят
Фурӯғе ҳаст дар ҷонам ки аслашро намебинам
Биё пурсам зи табҳоят
Сабоҳе ҳаст дар ёдам ки розашро намефаҳмам
Биё пурсам зи шабҳоят
Сурудам бенишон мирад
Фурӯғам ноаён мирад
Сабоҳам нозамон мирад
Намеойӣ… намеойӣ?