Шаҳри хуршедии ман пӯшида
Эй аҷаб пираҳани зулмонӣ
Хона торику нафас бесамару дил безавқ
Ҳайфам ояд ба ҳама марду зани зулмонӣ
Боғ бесурату сабза ҳадару ҷӯ берӯҳ
Вой бар нилуфару ёсумани зулмонӣ!
Лаб фурӯ банд аё мурғи шабовези азиз
Фурсати базми ту бигзашта
Омада навбати зоғу зағани зулмонӣ
Осмон тиратар аз рӯи замин
Сар ниҳода ба сари шаҳри ҳазин
Мекунад гиря хамӯш
Раҳмам ояд ба маҳу ахтару чашмони мани зулмонӣ
Ай Худо ҳиммат хоҳ
То фурӯзон бикунам ҷойи чароғ
Рӯи авроқи парешон
Вожаи рӯшании «Рӯшан»-ро
То зудояд сияҳии сухани «зулмонӣ»
Ҳамчунон аскари лашкаршикани зулмонӣ
Шаҳри дилхастаи ман!
Сабр кун сабр саҳар меояд
Оқибат барфиканӣ аз тани худ пираҳани зулмонӣ!