Рафтиву тобу табат монд
Ҳасрати рӯзу шабат монд
Қарзи бӯса дар лабат монд–
Сол нав ғамҳош кӯҳна
Барнагардад оби ҷӯбор
Набвадам уммеди дидор
Метапам чун набзи бемор–
Сол нав ғамҳош кӯҳна
Гуфта будӣ: «Ишқ бозист!»
Бо чунин савдо кӣ розист?
Ошиқӣ ин сарфарозист–
Сол нав ғамҳош кӯҳна
Роҳи дунё бекарон аст
Ҳар нафас сад имтиҳон аст
«Ҳайф ҳайф»-и мо ҳамон аст–
Сол нав ғамҳош кӯҳна
Ёд кардам ёди ман кун
Ёди дардободи ман кун
Бо алам фарёди ман кун–
Сол нав ғамҳош кӯҳна
Гуфта будам нав кунам рӯз
То шавам бар ғусса фирӯз
Чун кунам бо ишқи ҷонсӯз?
Сол нав ғамҳош кӯҳна