Дарахтон навбаҳоронро сари китфони худ
алвонҷ медоданд…
Ба худ гуфтам ки ғунча буданам беҳ буд
Ки рӯи ҳотаи ту мешукуфтам
Ва бо ту қиссаи кӯтоҳи умри хеш мегуфтам
Ба вақтам рас
Аё парвози ҳиҷронафкани турна!
Ду чашму гӯшу ҳуши ошиқиамро ғанимат дор
Диле ҳасту нахонад ояҳои интизориро
Саре ҳасту натобад инқилоби беқарориро
Дили гарму сари сабзи фидокори маро
чанде саломат дор
Ба ҷои набзи ман дар пайкари ман рӯшноӣ
метапад ҳоло
Ва чун барги забонам дар даҳонам ишқ меҷунбад
Саропо навбаҳорам ман
Саропо беғуборам ман
Магар байни ману ту офтобе нест?
Қасам бар номи Яздонат ки дар роҳи тамузи ишқ
Мане ҳасту Туе ҳасту саробе нест!
Дарахтон навбаҳоронро сари китфони худ
алвонҷ медоданд…