Кокули мушкбед мегӯяд:
«Кокулашро раҳо макун аз даст!»
Ту биёву маро ба ҳам овар
Ки ҷудоӣ дили маро бишкаст
Сар-сари пушта мезанад ҷавлон
Хотири шоду ҷони болида
Нағма дар лонаҳо намегунҷад
Обаке хуш ба сабза печида
Бӯса мерӯяд аз лаби ғунча
Меҳрубонӣ – зи чомаи чашма
Фасли ишқ асту ман натонам буд
Бо лаби хушку бо дили ташна
Дасти худро диҳам ба дасти насим
То бибофад ҳамосаи мӯят
Лаби худро диҳам ба боронҳо
То бибӯсад алангаи рӯят
Ман ҷудо нестам зи номи худ
Назари ман ба гул бувад ошиқ
То ба кай чуну чанд мегӯем?
Ман турову туӣ маро лоиқ
Ҳар куҷое кунун назора кунам
Ошиқӣ равшан асту манзур аст
Ту биёву дар оғушам бишкуф
Ки баҳор асту то хазон дур аст!